Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худо туро бибахшад

Саодат мехост барои хӯроки нисфирӯзӣ таоме бипазад. Медонист, ки падараш картошкабирёнро зиёд дӯст медошт. Бинобар ин табақро аз картошка пур карда ба пӯст канданаш шурӯъ кард. Ногаҳон садои гӯшхароши писари чорсолааш аз куча баланд шуд ва лаҳзае пас худи Салимҷон гирякунон ба ҳавлӣ ворид шуд. Модар сару рӯи хунолудашро дида ба даҳшат афтод. Кордашро ба рӯи табақ партофта, ҷониби писараш шитофт.

Ҳарчанд боисрор мепурсид, ки чӣ шуд?
Салим аз зурии гиря посух дода наметавонист.
Ниҳоят каме оромтараш карду ба саволҳояш ҷавоб ёфт. Маълум шуд, ҳамсоязан барои бозичаи писарашро гирифтан Салимро танбеҳ додааст. Вале аз ҳадди маъмулӣ гузашта, бачаро қариб, ки маъюб кардааст. Вақте давида бо шаст ба сари писарак мезанад, ӯ зарбаи сахтро дар сараш таҳаммул накарда ба замин меафтад ва ҳангоми афтодан сараш ба санги нӯктезе бармехӯрад. Хун хеле зиёд мерафт. Саодат зуд каме шакарро бардошта ба ҷои захм пошид ва бо докае онро баст. Духтарчааш Шаҳнози шашсола ҳам давида наздашон омад ва бо чашмони ҳаросон ба додараш ва ҳаракатҳои модараш менигарист.
– Оча, Салимро кӣ зад? – мепурсид аз модараш.
– Очаи Лайлӣ!
– Барои чӣ?
– Барои бозичаи бачаш!
– Охир барои чӣ бозичаи бачаша гирифтӣ, додарҷон?
– Гуфтам, каме бозӣ кунам!-посух дод ба апааш Салимҷон.

пешина
аз 95
навбатӣ