КИТОБИ ОРЗУҲО

– Чаро гиря мекунӣ? Охир, яхмос гуфтӣ, ман ба ту 3-сомонияшро харидам. Боз чӣ шуд?
– Агар арзонашро ҳам падарам мешуду мехарид, ман розӣ будам. Барои ҳама падарҳояшон ҳар чиз мехаранд ва дар сари китфонашон шинонда, «кататса»-шон медиҳанд. Ман ҳам мехоҳам! – гуфта писараш ҳунгос зада гирист. Бачаҳои бечора волидайнашонро бо ҳам дидан мехостанд ва ҷудоии онҳо барояшон гарон афтода буд. Фарзандонаш ҳанӯз баъд аз он зарбаи ҷонсӯзи хӯрдаашон ба худ наомадаанд.
Бо ин ният аз дари хонаашон берун шуд.
Вақте ҳамсоязан ӯро назди дарвозааш дид, бе салому алайк ба ҳуҷум гузашт:
– Ҳа, барои сағираи ҳаромит худатро кашида омадӣ?
– Очаи Лайлӣ, ман ҷангкунӣ наомадаам, лекин бачама бераҳмона задаӣ! Аз сараш хун рафтестай!
– Сағирата ҷамъ кун аз қади кӯча. Илоҳӣ, ҷонаш барояд, кори ман чӣ. Як бозичаи наве, ки ба бачаи бечорама мехарам ин сағираи бепадари ту ҳам давида меояд ва думи бачаи маро мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё