Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Медонӣ, ки очаи Лайлӣ занаки гандаҳай, ҳамаро мезанад, қатӣ ҳама доим ҷанг мекунад!
Барои чӣ гирифтӣ? Бояд намегирифтӣ!
– Дигар намегирам! – дили Шаҳнозро пур кард додараш.
Пас аз гузаштани каме вақт писарак ором гирифт ва Саодат ба хонаи ҳамсояи пӯрзурашон рафт. Аз асли воқеъа мехост бохабар бошад ва ҳам аз боби бадрафторияш бо ҳамсояи ҷангараашон гуфтугӯ кунад. Хоҳиш карданӣ буд, ки дигар ин гуна рафтор накунад, зеро қалби фарзандонаш хун аст аз ҷудоии волидайнашон. Бе ин ҳам ҳар шаб аз ӯ падарашонро суроғ карда, мегиристанд. Падарро пазмон шуда буданд тифлакони маъсум. Саодат ҳам хурду беақл набуд. Медид, ки вақте як тифл бо падараш мерафт ё бозӣ мекард, чӣ гуна фарзандонаш маҳзун мешуданд. Рӯзе ба фарзандонаш яхмоси 3-сомонӣ харида дод.
Бачаҳо шоду мамнун ба хӯрдани он шурӯъ карданд. Ин замон ҳамсояшон Шералӣ ба писарчааш яхмоси 50-дирамиро харида дод ва сари китфонаш ӯро шинонда, аз мағоза берун шуд. Бачаи Саодат ба гиристан шурӯъ кард.
Модар пурсид:

пешина
аз 95
навбатӣ