КИТОБИ ОРЗУҲО

падару модараш монд ва рафт дунболи ишқу муҳаббати аввалааш. Падару модарон ва бузургтарҳои оилаҳояшон дар байн даромада, миёнаравӣ карданд, суде набахшид. Ҷамшед аз раъяш гаштанӣ набуд. Ба ҳеҷ унвон ба зиндагию хонаву дараш баргаштанӣ набуд. Чун Саодат дид, ки зиндагияш вайрон шудааст, аз ғаму андӯҳ ба беморӣ гирифтор шуд. Баъди каме табобат ба худ омад. Волидайнаш дар бахти шикастаи духтарашон худро гунаҳгор медонистанд. Ҳарчанд ҳеҷ вақт духтарашон инро ба забон наоварда буд, вале худро дарундарун мехӯрданд аз кори кардаашон. Пушаймони зор гашта буданд. Ба сарвату дороии хонаводаи Ҷамшед фирефта шуда, ҳатто, напурсиданд, ки ҷавонон ҳамдигарро мехоҳанд ё не?
Дигар, чӣ хеле ки мегӯянд: «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ».
Саломатии Саодат хуби хуб шуда буд, аммо он қадар бисёр ба берун намеомад. Аз суҳбат бо ҳамсояҳо ва дӯстонаш мегурехт. Духтари як вақтҳо одамдӯстдору чақчақӣ, гули сари сабади маҳфилҳо имрӯз одамгурез гашта буд. Тасаввур мекард, ки баъд аз пош хӯрдани зиндагияш мардум ба ҳолаш механданд. Фикр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё