КИТОБИ ОРЗУҲО

чондан кард. Дигарон ҳам ёрияш карданд ва бо ҳазор машаққат оташ хомӯш шуд. Куртаву поҷомаи танаш, ки ҳама синтетикӣ буданд, дар лаҳзаҳои аввали оташсӯзӣ сӯхта, об шуда, ҳар ҷо-ҳар ҷо мисли муми сиёҳ дар бадани сӯхтааш часпида буданд. Мӯйҳояш низ ба коми оташ рафта буданд. Зуд ба порчаи бузурге ӯро печонда, хостанд ба беморхона баранд.
Волидайнашро диданд, ки беҳушу беёд рӯи замин хобидаанд. Бечора падару модар бо дидани ин фоҷиъа аз ҳуш рафта буданд. Онҳоро ҳам ба мошини дигаре бор карда, ҳамроҳи духтарашон роҳи беморхонаро пеш гирифтанд.
Дар шифохона дар ҳуҷрае табибон барои наҷоти ҳаёти Саодат мубориза мебурданду дар ҳуҷраи дигар барои ба ҳуш овардани волидайнаш талош мекарданд. Ниҳоят онҳо ба ҳуш омаданд, вале сарҳояшон карахт буд ва ба асли моҷаро гӯё, ки сарфаҳм намерафтанд. Ҳайронҳайрон ба одамони атрофашон назар меандохтанд. Ниҳоят пас аз лаҳзае модар ҳодисаи чанд дақиқа пешро ба ёд оварда, аз ҷояш баланд шуд ва азми Саодатро дидан кард. Аввал духтурон розӣ нашуданд, вале пеши исрору

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё