КИТОБИ ОРЗУҲО

Аз дарди гарону сӯзиши ҷон нолиш мекард.
Бо ин дардаш шояд дар ҳолати одӣ додаш ба фалак мепечид, вале айни ҳол дигар қуввати доду фарёд карданаш намонда буд.
– Об, очаҷон, обам бидеҳ, ки дилу ҷигарам сӯхт – бо садои пасту ҳазин нолиш баровард Саодат.
– Ҳозир, бачам, ҳозир обат медиҳам, каме беҳтар, ки шудӣ як авқотаки бомазза ҳам пухта меорам, то хӯрда боқувваттар шавӣ – хурсандикунон мегуфт холаи Заҳро. Сари духтарашро боэҳтиёт бардошта, пиёлаи обро ба лабонаш наздик овард, вале Саодат обро нӯшида натавонист. Аз сабабе, ки лабҳояш зиёд сӯхта буданд, дигар маҷоли ҷунбидану обро фурӯ бурдан надоштанд. Об ба даруни даҳон нарафта, шорида аз ду кунҷи лабонаш мерехт. Якчанд бор ин амалро такрор карда, диданд, ки муроде ҳосил намешавад. Ночор модари зор сари духтари ташналабашро ба рӯи болишт гузошт. Ба ин тарафу он тараф нигариста, каме пахта дарёфту дар об тар намуда ба даҳони Саодат об чакондан гирифт, то заррае ҳам бошад, ташнагияшро бартараф созад. Ин лаҳзаҳо ёдаш омад, ки ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё