Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кашад?
– Оча, аз ман хафа ҳастен?
– Барои чӣ?
– Маро бибахшед, аз ман ба бадӣ ёд накунед.
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ, духтарам? Ту ҳоло хуб мешавӣ, ҳама хушиҳои умрат дар пеш аст.
– Оча, очаҷони ширинам, бачаҳома ба шумо ва шуморо ба Худои бузург месупорам.
Бачаҳома хуб нигоҳ кунед, намонед хор шаванд. Ман аз зиндагӣ ҳеч чиз надидам, бигзор онҳо бинанд.
Ин замон падараш низ ба ҳуҷра ворид гашта, суханҳои духтарашро шунида ба сӯи бистараш давид:
– Ин хел нагӯ духтарам, ҳеҷ кас намедонад, ки кай меояду кай меравад, – насиҳат мекард духтарашро.
– Падарҷон, илтимос, маро бибахшед.
– Духтари содаи беақл, эҳ духтари сода, ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Ақаллан фикри моро накардӣ? – гила кард модари аз ғаму андӯҳ ба танг омада.
– Худам ҳам пушаймонам, модарҷонам!

Оҳ Худоҷон як камаки дигар агар умрам диҳад, ба тавбаву надомат онро мегузаронам. Пушаймонам, сахт пушаймонам. Маро бибахшед, дар ҳаққам дуо кунед...
Дигар на ҳарфҳояш фаҳмида мешуду на садояшро шунида.
– Оҳ, духтари сиёҳбахти оча, духтари сиёҳпичамарги оча. Бихез, чашмота кушо, ман ҷавоби бачаҳои туро чӣ медиҳам? Падар надоштанд, ту қуввати дилашон будӣ. Ҷавоби ин ятимҳоро ман чӣ медиҳам. Оҳ духтари ҷигарсӯхтаи оча... Нолаву шевани модари Саодат ба осмон дакка хӯрд. Аз чашмони хастаи падар селоби ашк равона буд, вале садояшро дар гулӯ саркӯб карда буд. Танҳо ҳамин қадар аз сӯзи дил лаб ҷунбонид:
– Худо бибахшад туро, духтарам, ба фазли худаш аз гуноҳат бигзарад. Илоҳо, ҳама бандаҳои гунаҳкоратро бибахш. Саодати бесаодати падар, Худо туро бибахшад!!!

пешина
аз 95
навбатӣ