Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

наш табассум меҳмон шуд: «Афандӣ косаи чинӣ дар дасташ равғанхарӣ меравад. Чун равғанфурӯш ба косааш равғанро мерезад, ками дигар дар зарфе, ки дар дасташ буд, мемонад. Афандӣ ин ҳолро дида, косаашро рӯи дигар мегардонад ва мегӯяд: «Боқимондаашро ин ҷо резед, то ризқам аз даст наравад.» Ин нақлро тақрибан ҳама дар қишлоқи онҳо аз ёд медонистанд, вале такрор ба такрор аз падараш хоҳиши шунидани онро менамуданд, чун ӯ бо як лаҳни ширин ва пурмуҳтавову ҷолиб нақлаш мекард.
– Хайрият, инҳо ҳам мисли Афандӣ нагуфтаанд, ки «дар пушташ бирез»-гуфта, аз ба ёд овардани он ҳикояву тасаввури ин ҳолат бозавқ хандид.
Аммо як дам гӯё хун дар рагҳояш ях кард.
Чашмаш ба дудбарои мошини бензиндор афтод, ки аз он ҷо дуди ғализе мебаромад. Дар байни дудҳо шарораҳои оташ медурахшиданд.
– Худоё, оҳ Худоҷон, ҳифзамон кун!- ғайриихтиёр бар забонаш ин гуфтаҳо ҷорӣ шуданд.
– Агар ин шарораҳо нохост ба бензин би-

пешина
аз 95
навбатӣ