КИТОБИ ОРЗУҲО

– Чӣ хел нағз!...
Баъди якчанд моҳ ба сару рӯи нозининҳои мо нигоҳ карда намешуд. Аз он назофату тозагӣ, ороишу оростагӣ асаре намонда буд.
Ҳама шохаҳо парешону шикаста. Қомати замоне рашки сарву шамшод имрӯз хамзадаву хамида. Қалбҳои зебояшон лабрези ғуссаву ғам.
– Ҳамсояҷон, дигар наметавонааааам!
Ҷонам ба танг омадааст, – шикоятро оғоз намуд.
– Ин чӣ рӯзҳои сахтест, ки ба сари мо, мусофирони мискин ҳадя шуд, – андӯҳи дигариро низ охир набуд.
Модару писаре аз наздашон гузар мекарданд. Писарча ба модараш нозид:
– Очаҷон, ҳо он гулашро канда диҳед. Бинед, чӣ қадар зебост, – гӯён тарси «меҳмондарахт»-ро дучандон боло бурд.
– Оҳ, мурдам, гӯё дар фарқи сарам бо гурзе кӯфтанд, – нолиш кард ба ҳамсояаш.
– Офарин ба шумо, бо ин андоза дарди гарон чӣ қадар таҳаммул доштан даркор, – ба тавре дилбардорияш менамуд ҳамсояи ғамхору ҳамқисматаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё