КИТОБИ ОРЗУҲО

«Худо ҳеҷ гоҳ набахшадаш бадбахтро.»
«Эъ, Илоҳим дар дузахи ҳафтум бисӯзаде.
Ин қадар ҷабрашро ба сари мо бор кард».
«Бар ҳафт пушташ лаънат» – эҳсоси нафрати дигаре низ ҷӯшид.
Ҳамагӣ бо шавқу рағбати зиёд ба сӯи маҷлисгоҳ раҳсипор гаштанд. Ҳаяҷони бузурге ба мардуми ҷамъомада ҳукмфармо буд. Ҳисси кунҷковишон фаротар аз он боло рафта.
«Чӣ касе бошад, ин хонасӯхта?» – ин суоле буд, ки зеҳну андешаи ҳар яки онҳоро машғул дошта, ба ҳадс задану тахмин кардан водорашон мекард.
«Чаро пеш аз маргаш нашинохтем, ки ҷазояшро ба таври сазовор бидиҳем, то ба дигарон намунаи ибрат гардад. Эҳ, акнун дер шуд, хеле дер шуд. Фақат ин, ки магар ба ҷазои Худованд гирифтор шавад.»
Вақте ҷумла кормандон дар маҷлигоҳ ҷамъ шуда, ба курсиҳо нишастанд, Парвин бо қиёфаи гирифтаву ғамгин ба эшон муроҷиат кард:
– Дӯстони гиромӣ. Айни ҳол ҷасади марҳумро ба саҳна меорем ва ҳар яки шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё