Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсофан, гурба ҳам аҷаб гурбае буд. Аслан бигирем, айнан мисли паланг буд, фақат андозааш хурд, яъне палангча! Пашми баданаш рах-рахи сиёҳу зарди моил ба сурхча, вале шикамаш сап-сафед, дасту пойҳояш сафед.
Ҳеҷ гоҳ надида будам, ки дар ҷойҳои сафеди баданаш доғе, касифие дошта бошад. Ҳамеша тоза буд. Албатта, мо ҳам дар тозагии гурба саҳмгузор будем. Ҳар вақт либосшӯйӣ ё саршӯйӣ мекардем, ҳатман гурбаро низ мешӯстем. Бо собуну шампуни худамон, то хушбӯву тамиз гардад, то мабодо рафиқону дӯстонаш нагӯянд, соҳибонат туро нигоҳубин намекунанд, чиркинак ҳастӣ. Боре барои боз ҳам зеботар шуданаш ману бародарам коре кардем. Гурба ба назари мо хеле зебо буд, аммо ҳамин бурутҳои баландаш фикр кардем, як каме ӯро калонсол ба назар нишон медиҳад.
Охир, гурбаи нози мо ҳануз муҷаррад буд, метарсидем, ки пир шудааст, ин мардаки бурутдор аст, гуфта духтардорҳо ба ӯ гурбадухтарашонро ба занӣ надиҳанд. Аз ин рӯ барои тағйири «имидж»-и гурба тасмим гирифтем.

пешина
аз 95
навбатӣ