Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз бурутҳояш шурӯъ карда ҳар куҷое, ки пашми баданаш баланд буд, қайчӣ задем.
Яъне, орову торояш дода, шаклу сураташро ба таври худ дуруст кардем. Аммо дар танбеҳи падар гирифтор шудем.
– Ата, нигоҳ кунед, мо имрӯз Мошонро «фасон» кардем – хушҳолона расондемаш.
– Ай, ин бурутҳояш ку? – ҳайрон пурсид.
– Мо қайчӣ задемаш.
– Наход бурутҳои гурбаро бибуред? Аз кӣ пурсидед?
– Охир шумо ҳам бурутҳоятонро қайчӣ мезанед, ку?
– Ман одамам, байни инсону ҳайвон фарқи калонест. Бурутҳо барои гурба нақши калон дорад, вазифаи «антена»-ро иҷро мекунад. Акнун ин бадбахт бе бурутҳояш чӣ кор мекунад?
– ...-мо ҷавобе надоштем ва гунаҳкорона сар хам кардем.
– Дигар такрор нашавад, фаҳмидед?
– Майлаш, дигар намекунем, – ваъда додем.

Нозу ширин буд Мошон. Рафторҳои ҷолибу дилнишин мекард, то худашро дар дили ҳама ҷо кунад. Чун бачаҳо дар дастрасияшон бошад, зиёд азияташ мекарданд, ҳамеша ҷои хоби Мошон болои тахти курпаҳо буд, зеро дар он баландӣ дасти бачаҳо намерасид ва аз навозишҳои бамавриду бемавридашон дар амон буд. Аҷаб хоби ширину бароҳате мекард, ҳаваси кас меояд. Аввал ҳалқа зада мехобид, баъди камтар вақт ба пушт мехобид, ки шикамаш намоишкорона сафедӣ мекард. Ё як дасташро ба рӯяш гузошта мехобид, гӯё чашмонашро аз рушноӣ ҳифз мекард. Аз хоб бедор шудан баробар ором-ором поин мешуд, яктаякта қадам партофта меомад назди ман ё падарам ё бародарон ва як «мяу» мегуфт. Оҳистаоҳиста ба ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирон шурӯъ мекард. Думашро баланд карда, хур-хуркунон худашро ба баданамон мемолид. Ҳатман навозише подош гирифта, мерафт аз пайи корҳояш. Аммо бо модарам ҷуръат намекард ин гуна рафтор намояд. Чун модарам зуд ӯро аз раъяш мегардонд.

пешина
аз 95
навбатӣ