КИТОБИ ОРЗУҲО

– Наё пеши ман!
Аҷоибаш ин буд, ки бо як бор гуфтан мефаҳмид ва итоат мекард. Мешуд, ки мо, бачаҳояш, баъзан вақт ба гуфтаҳои модарам итоат намекардем, вале боре надидам, ки Мошон сарпечӣ карда бошад. Дар дилам мегуфтам, ки агар хуб тарбия кунӣ, ҳайвон ҳам одам мешудааст, яъне, тарбияи инсонӣ мегирифтааст.
Аммо вақтҳои охир Мошон бисёр мекӯшид ба модарам маъқул шавад. Аз рафторҳояш бармало намоён буд талошҳояш.
Як нисфишаб доду фиғони модарам ҳамаро ба по хезонд. Чӣ гап бошад? Худоё, касал нашуда бошанд? – ҳайрон будем. Зуд сӯи хонаи хобашон давидем. Вақте ворид шудем, Мошон дар кунҷе гунаҳкорона, сар хам карда нишаста буду модарам ӯро ҷанг мекард.
– Хай шуд, бисёр сахташ нагир! Мошони бечора ин қадар туро дӯст медораду ту бошӣ, ӯро меранҷонӣ – падар тарафи гурбаро гирифтанӣ шуд.
– Ман безорам аз дӯстдориш, ҳамин ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё