Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чизеро дар пешаш мегузоштем мехӯрд, косаву лаълии хоси худашро дошт. Машғули хӯрдани шом будем. Нохост «мяу» гуфт. Падарам нигоҳаш карду гуфт:
– Биё, гушнайӣ? Биё, ягон чиз бухӯр.
Мошон аз таги ҷевон намоён шуд.
Нигоҳаш ба нигоҳи модарам бархурду истод.
Рӯи ду пои қафояш нишаста, бо чашмони бечорааш ба падарам нигоҳи мазлумонае кард.
Падарам дилсӯзона гуфт:
– Биё охир, чаро истодаӣ? Мошон як назар ба модарам карду боз нигоҳашро ба сӯи падарам гардонд.
– Эъ бача, ту чӣ хел мардакӣ, ин хел тарсончак набудӣ-ку? Биё, охир, ягон чизат бидиҳем, бихӯр. Мошон як қадам бардошт.
Оҳиста як гом пеш омад, вале чашмашро аз модарам намеканд. Қадами дуюмро гузоштан замон модарам садо дод:
– Ку, қафо бигард, беадаб, ту имрӯз бояд ҷазо бигирӣ.
– Эъ, очаш, ҳамин бечораро ту ғам додӣда. Туро хӯрдан мефора ира намефора?

пешина
аз 95
навбатӣ