КИТОБИ ОРЗУҲО

– Ман барои хӯрданаш намегӯям, имрӯз «нарушений»-и сахт кард, бояд танбеҳ шавад.
– Чӣ кор кард?
– Лаълиро фӯк зад.
– О, ин лаълитон мисли лаълии Мошон аст, гулҳояшро бин, монанд, бечора фикр кардааст, ки хӯрокаш додаӣ, барои ҳамин давида фӯк задааст. Ин Мошони мо доноча аст-ку, ба ҳар косаву табақ кордор намешавад.
– Эъ, вой рост мегӯйӣ, лаълии ҳамсоя аст, мехостам хӯрок кашида ба онҳо низ равон кунам, – қаҳри модар каме паст шуд.
Айёми баҳорон буд. Падарам аз мо пурсид:
– Мошонро надидед?
– Не, ата надидем.
– Намедонам куҷо рафтааст, чанд вақт шуд ба чашмам наметобад...
Чанд рӯзи интизории дигар низ аз Мошон дарак нашуд. Албатта, дар ин байн мо ҳам даст болои даст нанишастем ва тамоми қишлоқро ҷустуҷӯ кардем, аммо бефоида, аз Мошонамон хабаре наёфтем. Гӯё ба қаъри замин фурӯ рафта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё