Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дӯсташ медоштам, вале намегузоштам, ки зиёд эрка шавад. Дар хонадон бояд як нафар сиёсат дошта бошад, чи барои ҳайвони хона, чи барои аҳли хонадон. Шумо бисёр бардорбардораш мекарден, ман маҷбур будам, ки худамро ҷиддӣ бигирам.
Хабар омад, ки ҳамсояамон Мошонро ҳамроҳи як гурбаи дигар дидааст. Боз бо ҳамин чанд муддат дар борааш чизе нашунидем. Хомушӣ буд. Аммо хомуширо худи Мошон шикаст. Рӯзе аз болои девори ошхона нигоҳи чашмони дурахшонашро дида, падарам ӯро шинохт ва мисле, ки яке аз фарзандонашро дербоз надида бошад:
– А, бача, биё, ку! Дар куҷоҳо мегардӣ?
Биё-биё садқаи қадамот, ёдат кардем. Э, мардум Мошон омадай, Мошонамон!
Ҳама давида рӯи ҳавлӣ баромадем. Мошон аз рӯи девор оҳиста поин фаромад. Назди падарам омад. Падар сарашро сила карда гуфт:
– Бача, бемеҳр шудаӣ!
Мошон «мяу» гуфта ба пушташ нигарист.
Ҳамагӣ дида ба он тараф дӯхтем. Як гурба бо чанд гурбачаи дигар давон-давон наздаш расиданд. Бо аҳли оилааш хабаргириямон омадаст!
Чӣ қадар хурсанд шудем. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидем. Модарам бо шухӣ гуфтанд:
– Тӯя тоқа хӯрдӣ, Мошон? Ақаллан як бор ҳам биёед, нагуфтӣ, ҳа?
Хандаи аҳли хонадон ба осмон печид.
Аммо баъди чанд вақт боз дар чеҳраҳои мо ғам соя афканд, чун Мошон таркамон кард. Ҳамон тавр ногаҳонӣ, мисли омаданҳояш. Таъми озодиро чашид. Дар даҳонаш мазза дод магар, ки дигар нахост ба хонааш, ба макони ҳамешигияш, ки биҳиштро мемонд, баргардад. Озодиро аз ҳама нӯшу неъмати дунё авлотар донист Мошони мо.
Мо баъди Мошони аввалӣ чандин Мошони дигар доштем, вале меҳри он Мошон дигар буд. Ёдат ба хайр, ҷонвари хубамон.

пешина
аз 95
навбатӣ