КИТОБИ ОРЗУҲО

Пасгуфтор
Қурбонова Дилафрӯз Авазовна 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами №52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба пойтахти кишвар – Душанбе раҳсипор мешавад.
Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст.
Баъди хонадоршавӣ, худашро ба оила мебахшад ва саҳнаи ҳунарро ба тамом тарк намуда, канор меравад. Бо амри тақдир чандин сол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ кардааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Аз хурдӣ ба шеъру достон, назму наср, хулоса ба адабиёти клоссику муосир шавқу рағбати беандоза дошт. Орзуи аҳли фарҳангу соҳибқалам шуданро дар дил мепарварид, зеро волидайни фарҳангдӯстдораш ӯро дар як муҳите ба воя мерасонданд, ки саршор аз илму адаб, накҳати хирад ва атри нафиси камолот буд. Ҳанӯз хонандаи синфи панҷум буд, ки шеъргунаҳоеро аз эҷоди хеш ба як дафтар ҷамъ оварда, мутаасифона, онро аз даст медиҳад. Ба сабаби ин зарба дигар аз навиштан даст мекашад, вале ҳеҷ гоҳ аз олами зебои адабиёту фарҳанг дур набуда. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштани дилнавиштаҳо машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва Санъат», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра пайваста рӯи чоп меоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ иштироки фаъолона дошта, мекӯшад дар фазои маҷозӣ низ рисолати адиб буданро сарбаландона анҷом диҳад.
Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсиро мусаллат буда, ба корҳои тарҷумавию баргардонӣ низ машғул аст. Айни ҳол дар баҳри беканору маввоҷи «Адабиёт» бо заврақи сухан ба шиноварӣ машғул мебошад. Умед бар он мебандад, ки дар ҷодаи фарҳангу адабиёти кишвар заҳмат кашида, ба халқи азизу сарбаландаш хидмати шоёнеро ба анҷом бирасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё