Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лабҳои мо чун санги шарора
Оташ фурўзад ҳангоми совиш,
Ҳарду шавем об аз ин табу тоб,
Як лаҳза бошем андар гудозиш.

Шояд шароре дар қалбат афтад,
Дар нури маҳ гар шеърам бихонӣ,
Чун шўъла он гаҳ тобам ба чашмат,
Рози диламро равшан бидонӣ.

ДАР ИН ХОК

Ҳазорон рози ногуфта дар ин хок,
Ҳазорон сози бинҳуфта дар ин хок,
Ҳазорон ҷони дилтафта дар ин хок.
Ҳазорон қалби нашкуфта дар ин хок,
Ба қадри зиндагӣ хоҳам расидан,
Ки медонам, киҳо хуфта дар ин хок.

ВАТАН

Аз раҳи меҳру садоқат, эй Ватан,
Чун сари қабри шаҳидонат равам,
Сар кашад андар вуҷудам шўълае,
Оташи ҷаввола сар то по шавам.

Бинӣ он дам аз мани дардошно
Он шаҳидони ҳақиқаткофта,
Ҳар сари аз дор ноандешида,
Рўи аз рўи ҷафогар тофта.

Шўълаи чашмонашон дар чашми ман,
Завқи бас бедор метобад аз он,
Хунҳои рехта аз дилҳояшон
Дар тани ман ҷўш дорад ин замон.

пешина
аз 264
навбатӣ