Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар дилам тўфон кунад он родмард,
Худ ки дар гирдоби оташ ғарқ шуд.
Олами андешаам равшан кунад,
Он ки умраш як дурахши барқ буд.

Ношукуфта ғунчаҳои орзу
Аз табассумҳои ман во мешавад,
Нодамида субҳи ҳар як номурод
Аз сафои рўзгорам медамад.

Мисли ҳар кўҳи сарафрозат, Ватан,
Аз сари болот ман ҳастам гувоҳ,
Мисли ҳар рўдат равам роҳи сафед,
Дар ҷавоби он ҳама “хатти сиёҳ”.

З-ин сабаб аз ғояти меҳру вафо
Чун сари қабри шаҳидонат равам,
Шўълае сар барзанад аз пайкарам,
Оташи тобанда сар то по шавам.

БОҒБОН

Хазидӣ панҷаҳои ў басе дар хок,
Занад то панҷа ҳар наврасниҳоле,
Басе коҳид,
басе хам зад миёнаш,
Ки то ҳар нахлро бахшад камоле.

Дарахтонро агарчи ҷонфазое буд,
Аҷал охир худ ўро дар суроғ омад,
Ва тобуташ ба рўи дўши ҳамдеҳон
Бурун аз рахнаи девори боғ омад.

Сафедори баланде чўби гўраш шуд,
Ки бо зарби табар аз бехааш афтод,

пешина
аз 264
навбатӣ