Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАМСАФАР

Ба кайҳоннавард

Ману ту дар раҳи кайҳон
Ду марди ҳамраҳу ҳамроз,
Ба боми гунбади мино
Кабутарҳои ҳампарвоз.

Ду заврақрони ҳамсайрем
Канори баҳри бепоёб,
Замин моро фиристода
Ба сўи соҳили маҳтоб.

Нигоҳи барқсайри мо
Ҳазорон розро ҷўё,
Зи ахтарҳои саргардон,
Зи ахгарҳои нопайдо.

Лаби сарчашмаи хуршед
Замоне шод биншинем,
Зи гулшанҳои кайҳонӣ
Гули истораҳо чинем.

Ва он гаҳ ёд меорем
Дарахтони гулафшонро,
Ба шабнамзори ҷангалҳо
Парафшонии мурғонро.

Назарҳо чун шафақ он дам
Кўҳистонро бағал гирад,
Чу нури дидаи хуршед
Раҳи дашту ҷабал гирад.

Замин бар рақс меояд
Миёни гунбади хомўш,
Замин аз баҳри истиқбол
Саропо мешавад оғўш.

Машав ҳайрон, ки ҳамзўрем
Ба ҳар эҷоду эъҷозе,
Ба боли орзуи ман
Хушо кайҳону парвозе.

ОСИЁБОН

Падар вақте ки мехонад дубайтӣ,
Садои осиё ояд ба гўшам,
Шикоят мекунад аз ҷанги Гирмон
Маро ин шеваи пурғуссаву ғам...

Ба санги осиё ҳамчун ба ноне
Замоне буд чашми гушнагон чор,
Даво меёфт танҳо осиёбон
Ба дарди бедавои мардуми хор.

Вале аз осиёбон байни мардум
Ду-се пуркина мекарданд миннат,
Ба ришу чашму абрўяш гули орд
Ту гўӣ буд гарди айбу иллат.

Яке мегуфт:
“мо зори зағора,
Хўрад поҳои мо аз гушнагӣ печ,
Вале ў заррае парво надорад,
Ҳама вағнич хўрад, ў оши ғармич”.

Каси дигар бифармудӣ:
“халоиқ!
Варо аз ғалла бояд кард маҳрум,
Бибояд по кашид аз осиёбаш,
Сару сомони кораш мешавад гум”.

пешина
аз 264
навбатӣ