МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ва рўди осиёро карда парчоб, Ба худ гуфт осиёбон:
“ҳайфи мардум, Дигар дар хамбаю анбори мо нест На як каф ҷав, на як мисқол гандум;
Нагардад ҳеҷ кас саргашта ин ҷо,
Магар ки бод бикшояд дари ман,
Дареғо, осиёсанги гаронбор
Пас аз ин давр гардад дар сари ман”.
Бурун аз ҷангу андар оташи ҷанг
Ҳама шаб сўхт гўё пайкари ў,
Зи по афтоду аммо рағза мемонд
Ба роҳи деҳа чашмони тари ў.
Варо карданд аҳли деҳа пайдо
Яке дар осиёби сокиту тор,
Сараш дар остона, пайкараш сард,
Дилаш чун дўлу чархи монда аз кор.
Ба рағми шубҳаи мардум набудӣ
Зи қути лоямут он ҷо нишоне,
Надиданд одамон ҳатто кафи орд
Барои кулчаи тагошдонӣ.
Ду-се кас як саҳар бенолаву ашк
Канори деҳа бар хокаш супурданд,
Яке пурсид:
“Ин мардак чи кас буд?”
Шаҳиди ҷанги гирмонаш шумурданд...
ФАРЗАНДИ СИТОРА
Ба олам ҷаҳл меғунҷид,
Ба олам баҳсу наҳси нокасу ноаҳл меғунҷид,
Ҳақиқат дар шиканҷу дар асорат банд,
Вале озод макру фанд.
Намеғунҷид аммо дониши Сино,
Намеғунҷид ақлу фаҳмиши Сино.
Дар он дунёи бесомон
Басо бешафқату бераҳм,
Басо нобихраду нофаҳм,
Басо номард меғунҷид,
Басо бедард меғунҷид,
Ба ҷуз аз зуфунуне ҳамчу Синое,
Чароғи раҳнамуне ҳамчу Синое.
Агарчи кофараш хонданд, Варо ронданд,
Чу авроқи кутубаш зери пои даҳр помолу парешон шуд, Ва олам танг шуд ўрою сарсон шуд, Валекин олами Сино дили ў буд, Дили ў манзили ў буд.
Диле, ки ҷой шуд дар он Ҷаҳон бо шодию ғамҳош, Ҷаҳон бо бешу бо камҳош.
Агарчи аз Бухоро буд,
Агарчи чорасозе дар тариқи ҳалли мушкилҳои дунё буд, Ба дарди ҷумла одам дору мефармуд, Пас аз ў дар миёни қавму миллатҳо Кашокаш бар сари аслу насаб афтод, Ва ҳар кас нисбате ўро ба ҷадду ҷаддаи худ дод.
Чӣ ҷои баҳс,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё