Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба гандумбези гандумгун чиҳо шуд,
Ки боди бодия бе ҳамнаво шуд?
Чаро бандинаҳои қабзаи мо,
Зи банди кокулони ў раҳо шуд?

Чаро маҳтоб хирман карду ў не?
Ғарамҷоро нишеман карду ў не?
Ба ёди хирмани барбодрафта,
Чаро гулбод шеван карду ў не?

Шамоли коҳолуде гузар кард,
Хабардорам зи ёри камхабар кард,
Ба хирманҷои ҷонам оташак рехт,
Алови синаамро тозатар кард.

ТАНҲОӢ

Бихраде гуфто яке бо ман:
Ки зи танҳоӣ мазан фарёд,
Нотавонӣ дар фирор аз он,
Гарчи биншинӣ ба аспи бод.

Хоса ошиқро зи маҳҷурӣ,
Кўшиши растан бувад бесуд,
Чун раҳойӣ аз муҳаббат нест,
Нест чун роҳи гурез аз худ.

Ишқ бошад, аз шарори он,
Шўъла печад бар гили инсон,
Ишқ бошад, тез мегардад,
Осиёсанги дили инсон.

Мактаби пур аз фиғони ишқ
Медиҳад таълими раҳпоӣ,
Гоҳ бо танҳо будан танҳо,
Ҳамдамӣ гоҳе ба танҳоӣ…
Боз аспе мекашад шиҳа,
Ошиқе маъшуқа мекобад,
Моҳ шабро мезанад чархак,
Моҳрў аммо наметобад.

Бас шабон фонуси раҳпое,
Рўшанӣ бар роҳ мерезад,
Бас шабон парвезани ҷоне,
Резакоҳи оҳ мебезад.

Оби чашмоне чакад аз нав,
Ҳамчу ашки шамъ бар домон,
Чун фурўғи вопаси гулхан,
Нури чашмоне шавад қурбон.

Ҳаббазо, дил, офарин, эй ҷон,
К-аз ҷудоиям ҷудоӣ нест,
Гарчи тозонам ба хинги бод,
Аз ғами ўям раҳоӣ нест.

Мекунад танҳоиям бунёд,
Он қадар, ки медиҳад барбод,
Боз ман дилшод хоҳам шуд,
Он қадар аз дил кашам фарёд.

пешина
аз 264
навбатӣ