МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БАЁЗИ ДЕҲҚОН
Баёзе деҳқон дорад зи мазраъ,
Ки дар он саҳфаҳои майса гардон.
Дар он руста гиёҳи ҳарфи рангин,
Гули хатти амонии ниёкон.
Касе хонад варо, ёбад раҳойӣ
Зи қайди коҳилию озмандӣ,
Гиреҳи корро бо нохуни ор
Кушояд аз нитоҷи корбандӣ.
Варо чун «Шоҳнома» хонд бояст,
Дар он бас қиссаҳои ҷонфишонист,
Варо бояд парастиш кард умре,
Ки ҳамчун «Шоҳнома» ҷовидонист.
Дар он нўги қалам чун нўги поза
Сутурда шўраҳои ҳарфи ёва,
Дар он огардҳои киштаи лафз
Басо таҳрир дида аз хишова.
Дар он нарти гули шеъри шукуфта
Зи неши хорҳои сакта орист,
Дар он маънии буду ҳасти олам
Ҳама дар сатрҳои эътиборист.
Ва деҳқон, дар ҳама давру замона
Басе испор мерондӣ чу хома,
Ки рўи саҳфаҳои варз орад
Чу Фирдавсӣ давоми корнома.
Нависад боз ў монои шоир
Давоми достон бо хатти мола,
Ва дар ҳошияи воти заминаш
Бубандад нав ба нав шероза лола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё