Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Субҳдам гоҳе, ки модар
Шир бинмояд сапеда,
Резад аз половани арш
Шири маҳ бар уфқи дида.

Рўзи навро мепазирам
Баски аз дарвозаи кўҳ,
Рўи дунёро бубинам
Пас зи рўи тозаи кўҳ.

Гуфтиям: дигар бурун о
Ҳамчу рўд аз кўҳсорон,
То бигўӣ шеъри шево
Бе санои рўдборон.

Гўямат: манро ба ман мон,
Худ чу дарё рав ба паҳно,
Дар гусели рўди шеъре
Пойбандам мон дар ин ҷо.

Мон, бигирям дар сари кўҳ
Ҳамчу абри дилшикаста,
Мон, ки бошад дасту поям
Бо таноби рўд баста.
РОНДА

Меравад чун мавҷи дарё,
Меравад чун боди саҳро,
Меравад, ҳарфе намегўяд ба кас,
Меравад, гўӣ намегардад ба пас.

Меравад танҳо ба танҳо,
Ҳамчу моҳи нурполо,
Побараҳна, ашкрезон
Аз гузори Каҳкашону лолазори ахтарон
Бигзарад хомўш, аммо пурдареғ
Раҳ ба раҳ аз рахнаи девори меғ,
В-аз дами теғи ситеғ.

Барнагардонад варо
Не дуову не сано,
Не таваллою тасалло.
Дар раҳи ў банд бесуд,
Фанд бесуд,
Панд бесуд.
Дар раҳи ў боду бўрон беҳуда,
Селу тўфон беҳуда.
Бар сари ў сангсорон беҳуда,
Аз паси ў таънаборон беҳуда.

Меравад ў,
То наояд рў ба рў
Он, ки аз хона варо ронд,
Он, ки ўро сахт ранҷонд,
То наояд баҳри имдод
Бо нигоҳи додхоҳу бо сукути пур зи фарёд
То нарезад ашки талхе рўи роҳ,
Ашк бо рашку гуноҳ…

пешина
аз 264
навбатӣ