МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ҳамзамонон!
Дод мехоҳад зи мо ин хоки дерин,
Ин Замини нозанин.
Ин Замин, к-аз оламиён қарнҳо мерос буд,
Ҳадяе буд пурбаҳо
Аз насл бар насли башар,
Аз аср бар асри дигар.
Одамияш пос медошт
Бо ҳама арзу сутўҳ,
Бо ҳама фарру шукўҳ.
Пас чаро имрўз бояст
Зарра созад пайкари онро балои зарравӣ?
Нест созад ҳастии онро силоҳи ҳаставӣ?
Алъамон аз иштибоҳ!
Зинда бодо ваҳдати кулли башар
Дар раҳи сулҳу салоҳ!
Маҳв бодо «разми ахтар» дар сари кўи Замин!
Гарм бодо базми ахтар дар бари рўи Замин!
Гавҳари чашми сипеҳри бекарон бодо Замин!
Кавкабе дар дидагони кавкабон бодо Замин!
Ҷовидон бодо Замин!
БАСТА
Гуфтиям: дигар бурун о
Рўдвор аз кўҳсорон,
Шеър гў бе деҳу пода,
Бе санои обшорон.
То ба кай шах ҷўйиву ҷар?
Паҳнаро ҳам як хабар гир,
Тангноро қофия танг,
Домани шеъри дигар гир.
Гўямат: аз панди ёрон
Гарчи умре рў натобам,
Лек, ҳайфо, з-ин пажуҳиш
Як нишон аз худ наёбам.
Балки паҳноро бубинам
Дар ситеғи кўҳсорон,
Чашми гардунро шиносам
Дар нигини чашмасорон.
Нақши тўфони муҳитам
Чашмбар дар ҷўши дарёст,
Инқилоби бас навойин
Дар хурўши рўд пайдост.
Рақси гулҳои ҷаҳонро
Дар гули ревоҷ бинам,
Рўи шамси ҷовидонро
Чун гули вартоҷ бинам.
Гулханам дар чашми мардум
Дар тавора – пуршарора,
Дар нигоҳам чашми анҷум
Пуршарора – аз тавора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё