МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар баёни додхоҳӣ бо забони модарӣ.
Баски умре занги фарносии1 айём
Нақш бастӣ бар рухи ойинаи фарҳанги Моӣ2,
Тору пуди нури чашму ҷомаҳои чомаи нобофта
Канда буд аз рағзаи ҳанги ниёйӣ.
Нобаюсон растахези корсози мавҷҳо
Аз балои ғафлатам бинмуд раҳо,
То раҳо гаштам зи қуллоби замон,
То будам чанде ба жарфое ниҳон.
Нобаюсон дар фаросўи нигоҳи ташнаам Обшоре, ҳамчу лўълўи хушобе, Бар аёғи баҳри хобам тофт резон Аз сабўи рўди табъи ҳамзабонон.
Обшоре, чун яди байзо мубин, Дар кафи мўсоии аҳли яқин.
Дар шудам бар обғалти пурсафояш, То бубинам бозтоби гавҳари назми ниёӣ, То даво ёбам ба дарди бедавои бедавоӣ, То шифо бахшад забонамро дами оби шифоӣ.
То набошам ғайрбину кўри хеш, Мункири обои хешу пури хеш.
То бувад бо ҳалқапайванди хати аждод пайваст Шаддаҳои кандаи нури нигоҳ.
К-аз китоби баҳри осораш бихонам Ҳикмате андар мароми корбаст, Достоне дар мақоми расму роҳ.
Тобадам з-ойинаи дидори ёрон Озарахши нури Ҳақ бар рўи даҳр,
1 Фарнос – ғофил; коҳил.
2 Моӣ - мовароуннаҳрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё