МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

К-ин чӣ низоми худшикан, в-ин чӣ мароми зист?
Ин чӣ фурўтанисту в-ин чӣ сарафканист – Дар пои носипосии якчанд хирасар, Дар пои носипосии якчанд бебасар? – Якчанд бемуруввате, к-аз фарти ҷоҳилӣ Имрўз ҷои киштаи гулҳои дорувор Аз мазраи ҳалоҳиле доранд ифтихор.
Оваҳ, чи ғафлатест ин, эй заҳрхўрдагон!
Позаҳратон бибоядо,
Дигар чу нўшдоруе аз Ковуси замон!
САҲНАИ ОЛАМ
Замини гирдгардон бо ҳама паҳно, Ҳама шебу фарози хеш буда Саҳнае чун саҳнаҳои гирдгардони тиётурҳо.
Замин буда ҳамора саҳнаи айём, Намоишгоҳи хосу ом.
Басо шаб аз чароғи моҳ афшон буда бар ин саҳна рушноӣ, Якояк ахтарон дар курсиҳои арш буда чун тамошоӣ.
Ба ҳар як саҳна тўринпардае аз парниёни абрҳо буда, Басо сураткашу пироябандоне, Басо ромишгароне, нақшбозоне чу мо буда.
Басо чангу чағона буда гўянда, Ки аз байту тарона буда оганда.
Ва ҳар як саҳна буда мазҳари завқу таманное, Ва ҳар як саҳна буда манзари тобу таҷаллое.
Вале дар он гаҳе ҷангу ғазо буда, Гаҳе ҷабру ҷафо буда, Ҷазои носазо буда, Вабо буда,
Азо буда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё