МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ДАР ХАЁЛАМ...
Дар хаёлам дузди кўи ў шудам,
Дузди себи сурхи рўи ў шудам,
Даст бурда шохаи зулфони хушбўи варо.
Дар хаёлам, ки ба вақти шабдарав
Дар фарози мазраи лалмии ҷав
Ёфтам чун доси маҳ ман доси абрўи варо.
Дар хаёлам, ки кашидам мола ман,
Нарм – нармак дар канори ёла ман,
Ҳамчу ёбу киштаи оғўши гулбўи варо.
ХОБИ ХУД БАР ОБ ГУФТ
Торҳои мавҷро чун тори соз
Соз бинмуда ба созе дилнавоз,
Духтаре бар гўши дарё месуруд.
Дар навояш қиссаи хоби сиёҳ,
К-ошиқи бечораашро бе гуноҳ
Мавҷи қисмат аз бари ў даррабуд.
Лаҳзае, ки хоби худ бар об гуфт,
Гесувонаш густарини об руфт,
Ашки шўраш шўри дарёро фузуд.
ГУМҶЎ
Қади пайроҳаҳо пас аз давидан,
Миёни сабзаҳо пас аз чаридан,
Рама дар соҳили рӯде ғунуда.
Фақат меше кашад пайваста афғон,
Ба гӯши рӯду аммо рӯди ҷӯшон
Гурезад, арзу додаш ношунуда.
Фақат он меши гумҷӯ бо тавалло,
Бихоҳад барраи гумкардаашро,
Ки боре мавҷҳо аз вай рабуда.
ОҲУ
Ба рўи сахраҳои бодхурда
Паи пои ғизолонро шумурда,
Сипардам роҳи шахҳои фусурда.
Яке дидам ғизолонро рамида,
Яке сайёдро дар хам хамида,
Яке дар сангҳо хуни чакида.
Зи бими ҷон давидам ҳамчу оҳу,
Ба хуни дил тапидам ҳамчу оҳу,
Ман аз инсон рамидам ҳамчу оҳу.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё