МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

То даме ки марги марг ин зиндагист,
Бебақоӣ зодаи пояндагист,
Гирудори наввӣ аз коҳидагист,
Вусъати аздод аз ҳамбастагист;
Зарраи мо пойбасти буди мост,
Шўълаи мо сарпарасти дуди мост.
То даме бунёд ҳамзоди фаност,
Шашҷиҳат шаш равзани дурулбақост,
Ибтидо ойинадори интиҳост,
Интиҳо Парвардигори ибтидост;
Мо ҳазорон бор пайдо мешавем,
Мо зи мавти хеш эҳё мешавем.
ДАР ЧАҲОР УНСУР
Ин обҳо,
Ин хокҳо,
Ин оташу ин бодҳо
Дар худ басо тапидаанд,
В-аз худ басо рамидаанд,
То ман ба рўи олами имкон расидаам,
Ҳамчун шарар ба арсаи ҷавлон расидаам.
То тифли нозпарвари модарзамин шудам,
Гўӣ ки дастпарвари хулди барин шудам.
То дасти ман дароз шуд аз маҳди хокдон
Шабҳо ба сўи лухтаки рахшони моҳтоб.
То ҳуши ман рабудаву аз гиря боздошт
Дар гўши чарх ҳалқаи тиллои офтоб,
Овезаҳои бозигар аз сими ахтарон,
Тўморҳои тармаи пуртоби гардана,
Бо хатти нимкўри пайроҳи Каҳкашон.
То дидаам сароби рўди сапедаро,
То дидаам фиреби чашми ситораро.
То ман зи аҳди кўдакӣ бас фанд хўрдаам,
Фанди замонаро басе чун қанд хўрдаам.
Акнун ба ҳар қадам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё