МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ГУСЕЛ
Бипошад модарам гарди сапеда
Ба дўшам дар таги дарвозаи субҳ,
Ба уммеде, ки вақти пешвозам
Бирезад бар сарам парвозаи субҳ.
Гуселам мекунад бо обшоре
Зарафшон бар лаби домони кўтал,
Шафақ оташ занад тори ғарамҳо,
Гули озар бирезад рўи ҷангал.
Гуселам мекунад он ҷо, ки маҳтоб
Паси кўҳе шавад оҳиста пинҳон,
Бирўяд дар фарози осмонҳо
Гулу гулғунчаҳои абри найсон.
Гуселам мекунад он ҷо ки барқе
Занад гўгирду пошад рўшаноӣ,
Ки рўди бешаро ҳампо бубинам,
Шамоли ағбаро дар раҳнамоӣ.
Гуселам мекунад аз равзани шеър
Ба сўи водиҳои рўшани шеър,
Ба як гул навбаҳоре нест пайдо,
Бибояд сабз кардан гулшани шеър.
Ки мардум пас аз ин ҳамранги шоир
Маро аз тоби шеъри тар шиносад,
Зи реги соҳили рўди Зарафшон
Маро чун озарахши зар шиносад.
Ҳазориспандро модар кунад дуд,
Балои сар шавад то боз побаст,
Ки рўи раҳ барояд пешвозам
Дами субҳе чароғи лола дар даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё