Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАРХОСТ

Модар, дар ин заволи шаб аз зови тармапар
Овози гурги гушнае бар гўш мерасад,
Ман пеши мол меравам, чўпонӣ боядам,
К-имшаб рама ба кӯтали Пардўш мерасад.

Ман пеши мол мебарам пуштораи намак,
То ҳалқа гирди ман кашад рўи шибар рама,
Бошад, ки дар уребиҳо ёбам раҳи уреб,
То бемалол бигзарад шому саҳар рама.

Модар, саҳоби даргузар меорадам ба ёд
Аз аспрези ёлаву аз рези аспҳо,
Шояд дами сапеда дар рўи алафпая
Манро ба хоб дида он аспони тезпо.

Бошад яке ба тавсани безину полҳанг
Дар шохбасти ҷангале ман ошно шавам,
Бошад, ки боз галлаи аспони чарсро
Дар пойлағзи ағбае ман раҳнамо шавам.

Модар, ба дўшам орд чун гарди сапеда пош,
Дигар маро гусел кун бо рўди сангсо,
Бошад, ки як сапедадам кўбам дари туро
Ман бо хурўши раммаву покўби аспҳо.
ИМШАБ ЧӢ ШАБ...

Имшаб чӣ шаб, ки метакад дар раҳгузори ту
Хезоб ҳамчу галлаи аспони бодпо,
Абре мисоли галлабон овоз медиҳад,
Алвонҷ дода беибо шаллоқи барқро.

Имшаб чӣ шаб, ки бодҳо дар гуфтугўи туст,
Дар гўши моҳ қиссаи маҳтоби рўи туст,
Гунҷишкҳои ахтарон дар шохсори абр
Села ба села парзанон дар ҷустуҷўи туст.

Имшаб чӣ шаб, ки қоқу ҳам дар дида дидаест,
Табхолаҳои аз лаби соҳил дамидаест,
Аз хаймаи сапедаҳо берун наомадӣ,
Шабро зи интизорият ранги паридаест.

Имшаб чӣ шаб, ки медиҳад пудина бўи ту,
Бар оби ҷў ҳикояте дорад зи мўи ту.
Ҷоми хаёлам аз лабат баски лаболаб аст,
Аз маҳ ба чашма резадо акси сабўи ту.

Имшаб чӣ шаб, ки мепарад ҳар сў ситорае,
Бе ту чу ашк мечакад аз чашми осмон,
Имшаб чӣ шаб, ки мерамад ҳар сў зи сояе
Чун аспи бесаворае хезоби пурфиғон.

пешина
аз 264
навбатӣ