МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
НАҚША:
1.Тути заминӣ чӣ хел будааст?
2.Шириниаш мисли чист?
3.Монанди бобом ба ту чӣ медиҳам?
4.Тути заминиро аввал чӣ бояд кард?
5.Баъд аз чашидан бояд чӣ кор бикунем?
САВОЛУ ҶАВОБ
- Хонаи нағзи дунё чӣ аст?
- Мактаб аст.
- Бачагони нағз?
- Бачагони мактабанд.
-Аз бачагони мактаб кадомашон нағзтаранд?
-Бачагоне, ки ҳаргиз аз мактаб намемонанд.
-Аз инҳо кадомашон хубтаранд?
- Бачагоне, ки ба сабақашон зўр мезананд ва саъй мекунанд.
- Аз инҳо кадомашон беҳтаранд?
- Қаламу қоғази шариконашро бе пурсиш намегирифтагӣ, ба шарики қоғазу қалам надоштагиаш қаламу қоғази худро медодагӣ мебошад, соҳибҳиммат, назарбаланд мешавад.
Садриддин Айнӣ
НАҚША:
1. Хонаи нағз дар дунё чӣ будааст?
2. Бачагони нағз киҳоянд?
3. Чӣ гуна бачаҳо беҳтаринанд?
БАЧАИ БОАҚЛ
Бачаи боақл, агар падараш пул диҳад, як қисмашро пасандоз (сарфа) мекунаду дигарашро харҷ мекунад. Агар ягон рўз падараш пул надиҳад, ҳамин пули пасандозро харҷ мекунад.
Агар ҳамаи пули (сомонии) падараш додагиро ба як рўз харҷ (сарф) кунад, рўзе, ки падараш пул надиҳад, хафа ва зиқ мешавад. Агар аз ягон кас қарз кунад, бо нася чиз харад, одамҳо айб мекунанд.
Бачаи боақл падару модараш ҳар таом диҳанд, мехўрад ва ҳар либос диҳанд, мепўшад. Зиёда талаб намекунад. Ба чизи кас ҳавасаш намеравад. Ва аз кас чиз наметалабад.
Агар ягон одами бегона чизе диҳад, бачаи боақл онро намегирад.
Садриддин Айнӣ
НАҚША:
1. Бачаи боақл пулро чигуна сарф мекардааст?
2. Писараки баақл хўрокро чигуна мехўрад ва чӣ хел либос мепўшад?
3. Агар каси бегона пуле ё чизе диҳад, оё бачаи боақл онро мегирад?
НАҚЛИ ХАТТӢ
ДЕҲҚОН ВА ПАШША
(Латифа)
Деҳқоне аз газидани як пашша сахт ба ташвиш афтода буд. Дар охир ўро гирифту гуфт: «Ту кӣ ҳастӣ, ки ин қадар ҷуръат карда хуни маро мемакӣ ва маро азоб медиҳӣ?!»
Пашша ҷавоб дод: «Ҷаноб, илтимос аз куштани ман худдорӣ кунед. Ман пашшаи хурдак ҳастам .
Зарари ман ба шумо он қадар бисёр нест, ки шумо маро кушед».
Деҳқон бо ханда гуфт:
- Ту ҳатман бояд кушта шавӣ, зеро бадӣ агар хурд бошад ё калон, онро бахшидан нест!
НАҚША:
1. Деҳқон аз чӣ ба ташвиш афтод?
2. Баъд аз пашшаро доштан ба вай чӣ гуфт?
3. Пашша ба деҳқон чӣ посух (ҷавоб) дод?
4. Деҳқон ба пашша чӣ хитоб кард?
ДУЛОНА
Дулона зинати кўҳу адир аст,
Миёни меваҳо бас беназир аст.
Ҳамели гардани тифлони дилшод,
Мадору қуввати мардони пир аст.
БОБУНА
Ба сони чатри зардўзӣ
Гули заррин ба бар дорад.
Барои рўдаи бемор,
Давои бештар дорад.
БОДИРИНГ
Марҳами ҷон бодиринги обдор,
Камнамак хўрдан, бошад дорувор.
Пок созад аз намакҳои зиёд,
Ҷисмҳои нотавону бемадор.
НАҚША:
1. Дулона чигуна дарахт будааст ва барои чӣ доруст?
2. Бобуна барои чӣ даво будааст?
3. Хўрдани бодиринг чӣ аҳамият доштааст?
АЙНАКИ МУЛЛО
(Латифа)
Шабе МуллоНасриддин занашро бо шитоб аз хоб бедор карда гуфт:
- Айнаки маро зуд биёр.
- Зан айнакро оварда пурсид:
- Дар ин нимишабӣ айнакро чӣ кор мекунӣ?
- Мулло ҷавоб дод:
- Дар хоби ширине будам, баъзе ҷои хобҳои ширинро дуруст намедидам. Хостам айнак монам, то ҳама ҷойи он хобҳо дуруст намудор шаванд.
НАҚША:
1. Мулло Насриддин ба занаш чӣ гуфт?
2. Занаш аз Мулло чиро пурсон шуд?
3. Афандӣ чӣ ҷавоб гардонд?
БАҲОР ОМАД
Баҳор омад ба мулки мо,
Бубин гулҳои наврўзӣ.
Намуда муғҷаи худ во,
Дурахшид бо дилафрўзӣ.
Замини мо дигаргун шуд,
Бишуд гулро шукуфтан сер.
Чӣ зебо кўҳу ҳомун шуд,
Тамоми водии кишвар.
Ҳама пиру ҷавон имрўз,
Зи сайри гул фараҳманданд.
Ҳама аз толеи фирўз,
Қаноатманду хурсанданд.
Шуҷоъ Орзуев
НАҚША:
1. Дар фасли баҳор чиҳо мешукуфанд?
2. Муғҷаи дарахтон чӣ?
3. Дашту саҳро ва кўҳу пушта чӣ гуна ранг мегиранд?
4. Зи сайри гул киҳо хурсанд мешаванд?
АЗ КОРИ ХУД ШАРМАНДА ГАРДИД
(Латифа)
Шахсе дар хоб бо шайтон мулоқот (вохўрӣ) кард ва як шаппотӣ (силӣ) ба рўйи ў зад ва риши ў гирифт ва гуфт:
Эй малъун (ланъатӣ, лаин)! Ту душмани мо ҳастӣ ва барои фиреб додани мо мардумон ришро дароз медорӣ. Чун силии дигар бар рўйи ў зад, бедор шуд ва риши худро дар дасти худ дид. Шарманда гардид ва бар худ хандид.
Аз «Ҳикояҳои латиф»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё