МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
НАРАВ ТИРАМОҲ
Тирамоҳи зарнисор,
Шадда марҷонат қатор.
Ҳалқаҳоят қаҳрабо
Хандаат пури тило.
Ҷомаи барат заррин,
Рўмоли сарат заррин,
Шитоб ,макун, зуд марав,
Ками дигар меҳмон шав.
Тирамоҳи бошукўҳ,
Пахтаҳояш кўҳ – кўҳ,
Меваҳояш боғ – боғ,
Бўйи хушаш дар димоғ,
Ҳосилаш ғарам – ғарам,
Ба гўшакат гап дорам.
Росташро гўям ин бор-
Хушрўтари аз баҳор.
Тирамоҳи зарфишон,
Чун бобоям боғбон,
Дўст медорӣ меҳмон.
Дастурхонат пур – алвон,
Додом барин паҳлавон,
Очам барин меҳрубон.
Мисли хоҳарам Гулрў,
Ту хушрўю зарринмў.
Тирамоҳ макун шитоб,
Мадеҳ моро ту азоб.
Боғбон бобои мо -
Чинад яксар меваро,
Ҳосилро карда ғарам,
Додом шавад хотирҷам (ъ).
Очаҷони меҳрубон,
Хўрад ғами зимистон.
Гулрў ҳарчӣ бошитоб,
Бофад бароям ҷўроб.
Гулчеҳра Сулаймонова
НАҚША:
1. Тирамоҳ чӣ гуна фасл аст?
2. Магар тирамоҳ ҷомаву рўмоли заррин дорад?
3. Тирамоҳро фасли ҳосилғундорӣ мегўем, чаро?
4. Оё фасли тирамоҳ доимӣ аст?
5. Бобои деҳқон ҳосили меҳнаташро чӣ бояд кунад?
6. Модар барои чӣ ғами зимистонро хўрад?
УҚОБИ ПИР ВА УҚОБИ ҶАВОН
1
Рўзе уқоби пиру уқоби ҷавон дар осмони лоҷвардӣ баланд парвоз мекарданд. Осмон софу мусаффо буд ва ҳаво нарму роҳатафазо.
Боди сабуки форам мевазид ва офтоб ба рўйи онҳо механдид. Дили уқоби ҷавон, ки бори аввал аз ошёнаи худ берун меомад, аз шодию фараҳ лабрез. Чӣ хел зебоосмони лоҷвардӣ . Чи хел гуворост озодӣ. Чӣ хел хуб аст чунин роҳбалади бозарофат ва кўҳансолу бофаросат доштан.
Уқоби ҷавон гоҳе ба пеш мегузашт, гоҳе ба боло мебаромад ва гоҳе бошаст аз авҷи само сарозер ба поён мефаромад.
Уқоби пир ин ҷастухез ва шодии уқоби ҷавонро дида, носеҳона мегуфт:
– Эҳтиёт бош аз одамон, эй писарҷон. Макри онҳо беҳадду ҳисоб аст ва доми онҳо чашми фиреб.
Мабодо барои сайде ба доми онҳо наафтӣ…
НАҚША:
1. Уқоби пир ва уқоби ҷавон дар куҷо парвоз мекарданд?
2. Уқоби ҷавон чӣ мехост?
3. Уқоби пир ба уқоби ҷавон чӣ насиҳат кард?
4. Макри одамон бехадду ҳисоб аст, чӣ маъно дорад?
ФИРЕБ ХЎРДАНИ УҚОБИ ПИР
2
Аввал аз авҷи само ба замин чашм дўз ва онгоҳ ба сайди худ ҳамла овар.
Нашунидаӣ, ки одамон мегўянд: «Бе пир марав дар амонӣ, ҳарчанд Рустами замонӣ». Ба ман нигоҳ кун, ҳу, дар зери он буттаи хурде гунҷишкеро мебинӣ ?
Ту чусту чолокӣ ва чашмтезии маро тамошо кун.
Уқоби пири мутакаббир қанотҳояшро дар ҳам кашида, чун тир ба гунҷишкчаи бечора ҳуҷум намуд,
аммо надонист, ки дар зери бутта ба ғайр аз гунҷишк доме ҳам ҳаст.
Вақте ки уқоби пир ба дом сахт печид, уқоби ҷавон аз дили пурдард оҳ кашиду гуфт:
– На ҳар кас, ки пир аст, ботадбир аст.
Аз халқ
НАҚША:
1. Уқоби пир ба уқоби ҷавон чӣ насиҳат кард?
2. Уқоби пир чӣ хато кард, ки ба дом афтид?
3. Уқоби ҷавон нисбати уқоби пир чӣ гуфт?
ДАРАХТИ САБЗ
Ман дарахти сарсабзам,
Метапад дилу набзам,
Мисли инсон ҷон дорам,
Хоҳишу армон дорам.
Ман ҳам ҷузъи заминам,
Зебову нозанинам.
Насрину ёсаминам,
Чун ёри маҳҷабинам,
Хар ки кунад бониам,
Бувад дўсти ҷониам.
Қасд кунад канданам,
Яқин бувад душманам.
Дар сояам нишинед,
Гармо шавад, эминед.
Обам диҳед тобистон,
Ғизо диҳед зимистон.
Гул мекунам баҳорон,
Ҳосил диҳам фаровон,
НАҚША:
1. Оё дарахт ҳам ҷон дорад?
2. Дарахт аз чӣ ғизо мегирад?
3. Дарахт ҳам мисли мо нафас мекашад?
4. Дарахт аз куҷо об мехўрад?
5. Дарахтон барои мо чӣ аҳамият доранд?
6. Дарахт аз мо чӣ хоҳиш кардааст?
7. Агар дарахт хушк шавад, онро чӣ кор мекунанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё