Сафои дил

Имтиҳони зиндагӣ бешу камӣ дорад,
Варна умри одамӣ шодӣ, ғаме дорад.
Ман Зиёям, ифтихори Тоҷикистонам,
Нақди ҷонам, ҷоннисори Тоҷикистонам.
Имтиҳони марг ваҳми доимӣ бошад,
Ҳамчу занҷире ба пои одамӣ бошад.
Зиндагӣ аз марг ширин аст, аммо кас
Маргро бо чашми худ ёре набинад бас.
Роҳи мову ман ҳама бар сӯи марг ояд,
Роҳи дигар нест, по дар ҷӯи марг ояд.
Роҳи дигар ку? Ҳама раҳпӯи уқбоем,
З-ин сабаб дар коми марги сард меоем.
Соли 2011
БОВАРӢ
Ба шабкӯре чароғе даргирондам,
Ба кунҷи дидагони худ нишондам.
Ки то ӯ пеши пояшро бубинад,
Гули армон зи умри худ бичинад.
Бидодам даст то дастам бигирад,
Ва гар гирям қатори ман бигиряд.
Ба ҷои он ки ӯ чашмаш кушояд,
Зи ақли ман каме ақле рабояд.
Надид ин кӯрдил пешу паси худ,
Ба ҷуз ифлосиву хору хаси худ.
Чӣ гирӣ аз кавиру модакавдан?
Ба ҷуз оне зи пуштат айб ҷустан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё