Сафои дил

Як сари мӯе пушаймон нестам,
Ман ба «бисмиллоҳи Раҳмон» хестам.
Бо дили дардошнои содаам,
Гоҳу ногаҳ дар ғамат бигристам.
Эй Худойи ломакони рӯҳу ҷон,
Ишқи покам то муроди дил расон.
Дур соз аз ман ҳама нокомиям,
Як мурувват кун ба ин ҷони ҷавон.
АЗ КУҶО ЁБАМ...
Бо умеде ханда кардам,
То ки хандонам туро,
Пеши дардат гиря кардам,
То зи ғам ронам туро.
Бо дили гарми пизишкӣ,
Дарди ту дар худ гирифтам.
Дарди ишқат оташе буд,
Ман зи сӯзаш даргирифтам.
Аз куҷо ёбам дигар ман?
Ин табассумҳои ширин.
Аз кадомин лона ёбам,
Мурғи бахту шоми рангин?..
СИДҚ
Борҳо ваъда бидодам, ки суроғат накунам,
Ишқи дерина маро боз ба ёди ту супурд.
Бевафоии ту бисёр бидидам ҳарчанд,
Пӯзишу авфи гунаҳ боз ба даргоҳи ту бурд.
Борҳо ваъда бидодам, ки суроғат накунам,
Чашми ҷодуи туам лек ҷудоӣ нагузошт.
Қалби бишкастаи ту қалби маро низ шикаст,
Дили садпораи ман пой ба ҷое нагузошт.
Борҳо ваъда бидодам, ки суроғат накунам,
Аз барат дур равам, беҳуда доғат накунам.
Ба биёбон биравам, майл ба боғат накунам,
Дигар аз боғи ҷамоли ту фароғат накунам.
Боз пурсидиву зангам задиву об шудам,
Боз ман чашми назар бар гули маҳтоб шудам.
Бирабудам зи хаёлам ҳама бераҳмии ту,
Боз мафтуни ҳамон гавҳари шабтоб шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё