Сафои дил

ИМТИҲОНИ НАНГУ ОР
Роғун, Роғун, ту нангу ори Ватанӣ,
Ободии мулки нурполои манӣ.
Ғамхори туянд пиру барнои Ватан,
Уммеди дурахшони ҳама марду занӣ.
Роғун, Роғун, ҷилои чашмони манӣ,
Нури диливу зиёи дашту даманӣ.
Зарпош шавӣ илоҳӣ бар рағми адӯ,
Равшангари қалби пок дар ҷону танӣ.
Роғун,Роғун, нанги ману ори манӣ,
Дар чашм чу нуру ҳам чу ҷон дар баданӣ.
Сарманшаи иттиҳодиву ваҳдати халқ,
Сарчашмаи нангу ори соҳибватанӣ.
Роғун, Роғун, саҳмгузори ту манам,
Ман роғияму хешу табори ту манам.
Бо нармдилӣ бигӯй бар ҳар сангат:
Ҳамсангу санохони баори ту манам.
Фардои Ватанро ту накӯ аврангӣ,
Бас арсаи тоҷикони бофарҳангӣ.
Кас нест, ки бетараф нишинад имрӯз,
Роғун, Роғун, ту имтиҳони нангӣ!
соли 2011
СОЛИ ҶАЛОЛИ НУР
Биё, Соли Наҳанг, эй соли нуру офтоби нанг,
Биё, бо дасти худ бинвис бар пешонии ҳар санг:
Ки имсоли накӯ чун соли ору нанги миллат буд,
Ба рӯи қуллаи номуси дил фарҳанги миллат буд.
Биё, Соли Наҳанг, эй соли неки хештансозам,
Биё бо соз, то бар даргаҳи фархундаат нозам.
Биё, бо панҷаи пурзӯри худ, эй муждаи номус,
Ки ман ҳам бо ғурури хештан дар ҳукми шаҳбозам.
Биё, сарҷамъии миллат, чу замбӯри асал бинем,
Нумӯи мулкро ҳамчун ба айёми ҳамал бинем.
Биё, эй Соли Нав, эй соли нури поки Раҳмонӣ.
Биё, то иттиҳоди тоҷиконро дар амал бинем!
декабри с. 2011

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё