Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗИНДАГӢ

Зиндагӣ ҳамболи уммед,
Зиндагӣ чун нури хуршед.
Зиндагӣ ҳамсони тавҳид,
Зигдагӣ тор асту испед.

Зиндагӣ аҳд асту паймон,
Зидагӣ бод асту борон.
Зиндагӣ саҳл асту осон,
Зиндагӣ худ мушти армон.
Зиндагӣ ин чист? Ё худ кист он?

Ин панаҳ бурдан ба кунҷи хонае?
Ё ки саргардон чу як оворае?
Ё ба ҳукми хор ё ки донае?
Ё ба кунҷи ҷайби холӣ шонае?
Ё ки хору зор чун вайронае?
Аз даҳон то бар забон афсонае?
Ё ки дар парвоз чун парвонае
Ё ки дар ишқи касе девонае?
Ё ки умре марҳами кошонае?
Ё ба чашми ошиқе бегонае?
Ё ба зери ин суолу ё киҳо афтодае.
Зиндагӣ дар зери чарху амри Яздон аст?
Ё ки ҳукми дигар асту зери фармон аст?
Ё ба зери бори тақдирсози инсон аст?
Ё ки зери ҷодуӣ дар хок пинҳон аст.
Ё ки сирри махфию асрори Кайҳон аст?
Ман надонистам, ки ӯ ширинтар аз ҷон аст?
Шояд ӯ ҷон асту имон, ё ки армон аст?..

пешина
аз 51
навбатӣ