Сафои дил

ТАСАЛЛӢ
Ранҷи дуриро кашидан кори ҳар дилтанг нест,
Мавҷи дарёро шикастан кори ҳар харсанг нест.
Собирӣ ҳам мисли санги зери дарё давлат аст,
Носабурӣ дар раҳи ишқу муҳаббат, нанг нест.
Ранҷи дунё ҳеҷ бошад, пеши ранҷи ишқи пок.
Дар раҳи ишқ ар гиребон чок созӣ, ҷанг нест.
Аз дили шоир намеояд бурун бедард ҳарф,
Ҳарф агар бо дард бошад дон, ки бе оҳанг нест.
Дар замири ман намеғунҷад ба ҷуз ҳарфи вафо,
Бевафоӣ ҳар ки дорад дар дилаш фарҳанг нест.
Гар хате дар рӯи рухсорат бидидӣ, ғам махӯр,
Як-ду хат дар сояи мижгон ҳанӯз ожанг нест.
Гар нагирйӣ дар раҳи тақдир гоҳе бо алам,
Зиндагонӣ бо ҳама зебоияш пурранг нест.
Гар ғуборолуд дидӣ, синаи пурдарди ман,
Оҳу фарёди дили ман нолаи ҳар санг нест.
ДАРЕҒ
Ҷавонӣ майли рафтан дораду ман не,
Зи ман манро рабудан дораду ман не.
Набитвонам, ки дастомӯзи кас бошам,
Чу вақт уммеди гаштан дораду ман не.
Шуморад лаҳзаҳои умри ман соат,
Ки ҳар дам ӯ шумурдан дораду ман не.
Ҳанӯзам ношикаста ормони дил,
Ки ӯ аз ман гусастан дораду ман не.
Ҷавонӣ пайкар асту пояи умр аст,
Ки он ҳар сӯ хамидан дораду ман не.
Марав аз ман, ту эй рангинии умрам,
Ки соат аз ту рафтан дораду ман не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё