Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАҲОРИ НУР АСТ БАҲОРИ РОҒУН

Баҳори нуро, баҳори Роғун,
Биё равемо диёри роғун

Биё, ки ин ҷо шавад Зарафшон,
Биё нигоро, канори Роғун

Дасто ба дасте равем бо ҳам
Мададрасонӣ ба кори Роғун

Чӣ хуш сарояд ба боғу гулшан,
Ба васфи нураш, ҳазори Роғун

Шавад дурахшон шабони Роғун
Зи нури Роғун, зи кори Роғун

Ба бахти халқам Ватан шуд обод,
Шавад чароғон зи нори Роғун,

Сухан бигӯям ба васфи нураш,
Шарорабори шарори Роғун

Шарифӣ аз ҷон ғазал бигӯяд,
Ба васфи нуру баҳори Роғун.

ДУНЁИ РОҒУН

Дурахшон мешавад фардои Роғун,
Дигаргун мешавад дунёи Роғун.

Дар ин ҷо нури нав тавлид гардад,
Дилу ҷонам шавад шайдои Роғун.

Ба пойи Вахш завлона бубанданд.
Диҳад нури фузун дарёи Роғун

Дар ин ҷо рӯзу шаб кор аст дар ҷӯш,
Бубинемо ҳама эҳдои Роғун

Ватан аз нури Роғун нур гирад,
Гулистон мешавад ҳар ҷои Роғун,

Дар ақсои ҷаҳон боло набошад,
Фаротар аз сари болои Роғун,

Ҳама мардони бонанганд ин ҷо,
Гулафшон мешавад фардои Роғун.

Ҳама савдои олам аз сарам рафт,
Чу бар сар омадам савдои Роғун,

Матои оламиро қимате нест,
Аҷаб пурқимат ин колои Роғун.

Бифахрам ҳамчу тоҷик ман дар ин даҳр,
Ҳамеша бо сари волои Роғу.

Агар сад достони нав бигӯем,
Куҷо ҳам мерасад бар пои Роғун.

пешина
аз 39
навбатӣ