Таронаҳои дарё

ПАЙВАНДИ ҚАРНҲО
Мо шохаи ориёна нашкастем,
Бо шохаи ориёӣ пайвастем
Бо аслу нажоди хештан дилбастем,
Садҳо дари ғамро ҳамагӣ барбастем.
Аз қарн ба қарн насли мо омадааст,
Аз аср ба сар асли мо омадааст.
Аз зарбу лати давр набишкаст гуҳар
Аз фасл ба фасл васли мо омадааст.
Мо аслу нажоди хешро ёд кунем,
Бо ёди гузаштаҳо диле шод кунем.
Фахрем ба насли тозаи хеш ҳаме,
Дарду ғами халқи хеш барбод кунем.
Мо наслу нажодӣ ориёӣ дорем,
Мо дар ҳама даҳр хушнавое дорем,
Пайваста ба асли хеш мо менозем,
Аз шохаи насл кай ҷудоӣ дорем.
БОДУ ҲАСТ
Ғунча аз шарми рухат сар дар гиребон боду ҳаст,
Мавҷи гул аз ҷилваат дар худ ҳаросон боду ҳаст.
(Абдулҳамад Адо)
Гул зи шарми оразат дар боғ хандон боду ҳаст,
Булбул аз шавқи лабат дар шох ҳайрон боду ҳаст.
Шона бар гесӯ задӣ, шуд гесувонат тор-тор,
Бод аз зулфи парешонат гурезон боду ҳаст.
Ончунон оҳе кашидӣ сабзаи тар даргирифт,
Абр дар гардун зи оҳат дидагирён боду ҳаст.
Нағмаҳои дилфиребат дар дили дарё расид,
Мавҷи дарё ҳар замон дар худ ғазалхон боду ҳаст.
Ҳамчу булбул нағма дорам дар чаман аз ишқи гул,
Дил даруни синаам аз шавқ рақсон боду ҳаст.
Ончунон оташ задӣ бар синаам, эй бевафо,
Дуди оҳам дар фалак пайваста печон боду ҳаст,
Ранги сад парвона месӯзам зи ишқи он парӣ,
Шамъи рӯям шуълавар андар шабистон боду ҳаст.
Чун Адо дорад Шарифӣ оташи дил дар забон,
Мисраи рангини ӯ лаъли Бадхшон боду ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё