Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТУРО ЁД МЕКУНАМ

Дар базми гул нишаста, туро ёд мекунам,
Бо шодии гузашта дилам шод мекунам.

Аз гӯрамаргии ҷавонон фиғон кунон,
Андар мазор рафтаю фарёд мекунам.

Дар Бесутун чун об ба ҷӯям равон нагашт,
Ба фарқи хеш теша чу Фарҳод мекунам.

Андар чаман гуле чу бубинам шукуфтарӯ,
Ёде зи қадду қомати шамшод мекунам,

Умри азизи хеш ба ғафлат бикарда сарф,
Худ донаҳои хирмани дил бод мекунам.

Дар рӯи саҳфаҳо бикашам хатти рӯзгор,
Шеъру таронаю ғазал эҷод мекунам.

Аз ҳар канора моҳрӯхон ишва мекунанд.
Ҷонро фидои зулфи паризод мекунам.

Гӯям туро насҳате бишнав амал бикун
Ин пандҳо барои ту иршод мекунам,

Ҷабру ҷафо бас аст, ба мо сангдил мабош,
Пеши фалак бирафта зи ту дод мекунам.

Сарсабз кун маро, ки туйӣ пораи дилам,
Фахрам ба туст, фахр ба авлод мекунам

Бечора ин Шарифӣ бисӯзад зи ишқи ту,
Ин байтҳои хеш қаламдод мекунам.

пешина
аз 39
навбатӣ