Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РУБОИЁТ

Ман мераваму ситораҳо мемонанд,
Дар рӯи самои пурҷило мемонанд.
Баъди сари мо тамоми рӯду дарё
Пурвалвала, пуршӯру садо мемонанд.

Эй рӯд, ту нолаи маро нола бикун,
Хушнағмагарӣ зи резиши жола бикун.
Ҳаргиз ту мабар зи ёд ин нолаи ман,
Ту нола зи марги ман ба ҳарсола бикун.

Дил дар барии ман зи васли ҷонон нолад.
Монандаи абр дар биёбон ноланд.
Булбул ба хазон зи ҳаҷри гул мегиряд,
Дар сина дилам чу булбулон менолад.

Он дам ки бирафт аз ҷаҳон устодам,
Ғамгин шудаю зи марги ӯ ношодам,
Дар пеши фалак ҳазор бор нола кунам,
Кай бишнида гӯши фалак фарёдам.

Ман роҳи дигар намеравам, эй ҳамшин,
Он раҳ ки маро нишон бидода Ширин.
Ин панд бидод баҳри ман устодам,
Ҳаргиз ту дар ин саро набошӣ худбин.

ТО БУВАД

Ҷони худро ҳифз кардам, ҷон ба ҷонон медиҳам,
То бувад дар хони ман нон, баҳри меҳмон медиҳам.

Дар баҳои бӯса аз ман ҳар чӣ мехоҳӣ бихоҳ,
Гар нахоҳӣ симу зар баҳри ту ман ҷон медиҳам.

Дидаам хубони оламро басе санҷидаам,
Меҳри дилро ҳадяе бар духти Ғорон медиҳам.

Ҳамчу сарбозе ситода баҳри ҳифзи кишварам,
Ҷони худро дар дифои Тоҷикистон медиҳам.

Ташналабро мекунам сероби оби рӯди Панҷ,
Ҷомро пур карда з-оби чашмасорон медиҳам.

Дӯстиро месароям ин шиори ман бувад,
Меҳри дилро аз барои дӯстдорон медиҳам.

пешина
аз 39
навбатӣ