Таронаҳои дарё

АТРИ ГУЛБОДИ ДИГАР
(Муҳаммас бар ғазали устод Ширин Бунёд)
Мурасад аз синаҳо имрӯз фарёди дигар,
Мурғи рӯҳам мекунад парвози озоди дигар,
Боз шоир хома меронад ба эҷоди дигар,
«Аз баҳори рафта нояд атрии гулбоди дигар,
Мерасад аз нав баҳори ҳуснободи дигар»
Чун ба ҷони ман расида гоҳ нешу гоҳ нӯш,
Рӯҳи ман сармаст шуд аз ишқ, омад дар хурӯш,
Оташи ишқат биёвардаст дилҳоро ба ҷӯш
«Гуларӯсони ману ту аз чаман рафтанд дӯш,
Ояд аз он кӯча ҳоло ишқи фарёди дигар»
Қатра-қатра ҷамъ гашта ҳамчу дарё мешавем,
Бо ҳамин ҳусну малоҳат зеби дунё мешавем.
«Дар шукӯҳи гулбаҳоре боз эҳё мешавем,
Чун аз ин пастӣ раҳида рӯ ба боло мешавем,
Гар биёяд баъди мо Ширину Фарҳоди дигар»
Гар касе бад кард, вазнинбор бори худ кунад,
Марди оқил ҳиммати мардӣ шиори худ кунад,
Булбули сармаст гулро дар канори худ кунад,
«Ишқ агар аз синаҳо тарки диёри худ кунад,
Навхате дар ошиқӣ месозад эҷоди дигар!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё