Таронаҳои дарё

ДИЛДОДАИ ШЕЪР
( Ба устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан)
Туӣ, ай зодаи кӯҳ, зодаи шеър,
Туӣ ошиқ, туӣ дилдодаи шеър.
Сароӣ васфи меҳанро шабу рӯз
Аё шоир , аё озодаи шеър.
Зи килкат сафҳаҳо рангин бигашта,
Саропоят шуда олудаи шеър.
Сарафрозӣ мисоли кӯҳи Помир,
Кадам монӣ ту андар ҷодаи шеър.
Мисоли Панҷи пуртуғён хурӯшӣ,
Ту сармастӣ зи ҷому бодаи шеър.
Зи шеъри ту маро илҳом беш аст,
Ба қалби хеш ту бинҳодаӣ шеър.
Сари шаб то саҳар бедор бошӣ,
Ту мардӣ, мардӣ, мардӣ зодаи шеър.
Ба дилҳо шеъри ту маскан гирифта,
Бигӯӣ роз бо гулзодаи шеър.
Чу барфи қуллаҳо мӯят сафед аст,
Ту дар мулки сухан шаҳзодаи шеър.
Зиҳӣ шоир, зиҳӣ дар олами шеър,
Басо нӯшидаӣ ғамбодаи шеър.
МУАЛЛИМ
Зебандаи ҳар номаву ашъор муаллим,
Дар рӯйи ҷаҳон аз ҳама пуркор муаллим.
То баҳра зи дониш бубарад тифли дабистон,
То қуллаи мақсуд варо ёр муаллим.
Тифлони дабистон ҳама пайванд ба ҷонаш.
Монандаи падар мӯнису ғамхор муаллим.
Равшангари роҳи ману мо ҳаст, яқин ӯ
Монанди маҳтоби шаби тор муаллим.
Аз ҷон бидиҳад баҳраи дониш ба ҳама кас,
Донандаи ҳар илму ҳар асрор муаллим.
Аз мақдами ӯ гул бикунад боғи дабистон,
Дар гулшани мо як гули бехор муаллим.
Аҳсант бигӯянд ҳамаи халқ барояш,
Бар ҷумла мукофот сазовор муаллим.
Ӯ ҳамчу дарахтеву самар мо ҳама, моем,
Дар рӯи замин шохаи пурбор муаллим.
Пандаш шаби моро чу чароғест пуранвор,
Бар хурду калон, бар ҳама кас ёр муаллим.
То ҳаст ҷаҳон, ӯ ҳама ҷо садрнишин аст,
Болотари ҳар қуллаи кӯҳсор муаллим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё