Таронаҳои дарё

Шодам, ки ту ҷо дар дили девона гирифтӣ,
Чун шамъ ба кафҳо пари парвона гирифтӣ.
Имшаб, ки раҳи манзили бегона гирифтӣ,
«Ғайр аз ту , ки дар бурҷи дилам хона гирифтӣ,
Дарвоза ба кас ман накушудам, ки ба хайр аст».
Мурғи дили ман гашта бар ин кӯҳ ба парвоз,
Чун кӯҳ ба кӯҳ меравад андар пайи шаҳноз.
Боре ба Шарифӣ нигаҳе кун, маҳи танноз,
«Ҷуз кӯҳи Бадахшонаму сарчашмаи Дарвоз,
Бар кас набар Ҳайрат ту суҷудам, ки ба хайр аст».
ЁДИ ТУ
Бар нишаста дар лаби ҷӯ рӯи санг,
Бо хаёли хеш сӯҳбат доштам.
Ёдам омад лаҳзаи ширини умр,
Соате бо ту фароғат доштам.
Ёд дорам гӯшаҳои сабзи деҳ,
Буд ҷои вохӯрии ман ва ту.
Ҷони ман, дар хандаи лаъли лабат
Ғунчаи ишқам намудам ҷустуҷӯ.
Чун бидидам рӯи ту пеши назар
Олами ишқу ҷавонӣ шуд падид.
Бо ҳама ҳусну малоҳат, ҷонакам,
Дар дилам андохтӣ нури умед.
Эй, туӣ имрӯз илоҳи дилам,
Мекунам васфи ту аз номи дилам.
То ҷаҳон ҳасту ману ту зиндаем,
Шаҳди худро рез бар ҷоми дилам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё