Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШЕЪРИ МАН

Шеър мегӯям ба савти кӯҳсор,
Пок мисли оби сарди чашмаҳо,
Ояд аз ҳар мисраи навзоди ман,
Рангу бӯй сабзаҳои ҷӯйбор.

Шохае дар дасти ман чун хома аст,
Баргҳо чун сафҳаи дафтар бувад.
Тахтасанги кӯҳ бошад мизи ман,
Рӯди кӯҳӣ худ ҳикоятгар бувад.

Менавозад гӯши дилро то саҳар,
Нағмаи амвоҷ аз дарёи деҳ.
Ҷӯр гашта бо ҳавои қалби ман,
Паҳн мегарданд дар болои деҳ.

Мисраи сабзам чу ранги навбаҳор,
Бӯйи чукрӣ , бӯи торон мекунад,
Гарм ҳамчун Гармчашма шеъри ман,
Бӯий оби чашмасорон мекунад.

МАРАВ

Эй офтоби бахт, куҷо меравӣ? Марав!
Эй барг, з-ин дарахт куҷо меравӣ? Марав!

Эй ошно, куҷоӣ равон, як даме нишин,
Барбастаӣ ту рахт, куҷо меравӣ? Марав!

Ман подшоҳи ишқаму бе тоҷи тахт , лек
Дорӣ ту тоҷу тахт, куҷо меравӣ? Марав!

Ман ганҷи дил ба рӯи ту бикшодаам, вале
Дил ҳамчу санг сахт куҷо меравӣ ? Марав!

пешина
аз 39
навбатӣ