Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШОДАМ, КИ ЗИ НАВ ЗИНДА ШУД Ӯ

Духтари Иброҳим Исмоилова доктори илмҳои биологӣ, Лола Исмоилов мудом аз носозгориҳои солҳои 30-юм оҳ мекашад. Оҳ мекашаду гоҳе шукр мегӯяд. Шукри онро дорад, ки ҳақиқат тантана кард ва номи падар аз нав зинда шуду умри ҷовидон ёфт.

Нолам, нолам, ки падарам гум гашта,
Ранги рухи ман, зард чу гандум гашта.
Дар сина чӣ доғ дорам аз марги падар,
Дар мотами ӯ гиря кунам шому саҳар.
Сад оҳ кашам аз дили бирён, сад оҳ,
Зеро ки бибурданд падарро ногоҳ.
Эй воҳ, ки соли сиюҳаф шуд бадном,
Аз номварони даҳр шуд ӯ бадком .
Оҳи дигарам зи марги додар бошад,
Дар хоки сияҳ хуфта чу модар бошад.
Ман нола кунам, нола кунам шоми саҳар,
Маҳрум бишуд тифлиям аз меҳри падар.
Сад шукр бигӯям, ки ба ин даври замон,
Номи сияҳаш сафед шуд дар дилу ҷон
Шодам, шодам, ба рӯи олам шодам.
Озод барояд аз гулӯ фарёдам.
Шодам, ки зи нав зинда шудӣ, эй падарам.
ИИМРЗ гули лутфи ту борад ба сарам.
Шодам, ки сиёҳии замон гашт сафед,
Андар назарам ҳама ҷаҳон гашт сафед.

пешина
аз 39
навбатӣ