Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

УҚОБИ КӮҲИСТОН
(Ба ёди Шояқуб Наимов)

Он чи аз дафтари ту хондам ман
Қиссаи рӯзгори сарсонат.
Нола хезад зи дил , зи ҷони ҳазин,
Чун накарданд раҳм бар ҷонат.

Даври тифлӣ чӣ хору зор будӣ,
Дар ба дар гашта баҳри пораи нон.
Он яке мушт бар сарат мезад,
Баҳри дигар ту будӣ душмани ҷон.

Нони серӣ куҷост медонанд,
Кунҷи каҳдон барот манзил буд.
Ҳар касе дарди худ баён мекард,
Ҳама дардат наҳуфта дар дил буд.

Чун диҳӣ худ, ки беҳ нашуд ҳолат,
Кас напурсад даме зи аҳволат.
Нест дигар туро касе ҳамдам,
Раҳми кас нест бар сину солат.

Корвон омаду бадар рафтӣ,
Тарк кардӣ ту водии Ғорон.
Ғаму андӯҳи кӯдакӣ мондӣ,
Ҳамраҳи барф, ҳамраҳи борон.

Бахти ту ханда кард дар Хоруғ,
Ҳамраҳи инқилоби кӯҳистон.
Раҳнамои ту гашт Хубоншо,
Ӯ барои ту гашт марҳами ҷон.

Хати тақдири ту дигар гардид,
Гаштӣ як марди босаводу далер.
Бар зиди душманони халқ шудӣ,
Хашм бар сар туро фитод чу шер.

Гашта ту ҳамқадам ба Шотемур,
Ҳамнафас, ҳамсадо ба Иброҳим.
Ибрати рӯзгори мо гаштӣ,
Ёди ту, ёди ту ба сина муқим

Мурғи рӯҳат ҳамеша дар парвоз,
Дар фазо чун уқоби кӯҳистон.
Дар сари марқадат шукуфон аст,
Доғу ҳасрат чу лолаи армон.

пешина
аз 39
навбатӣ