Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАРДОНИ РОҲ
(Силсила)
Аз куҷое мерасад овози ӯ
( Ба ёди падарам Шарифбек)

Шиҳаи мастонаи аспаш ба гӯшам мерасад,
Шиҳаи мастонаи аспаш ба вақти бузкашӣ,
Аз куҷое мерасад овози ӯ бар гӯши ман
Хушсадою хушадою хушнавою дилкаше.

Мардҳо дар зиндагӣ мардона гуфторанду бас,
Мардҳо дар зиндагӣ мардона рафторанду бас.
Марди майдонанд мардон дар ҳама давру замон,
Мардҳо дар зиндагӣ мардона кирдоранду бас.

Он ки марди роҳ буду зиндадил бо хеш буд,
Рафту аз худ қиссаи мардонагӣ боқӣ гузошт.
Раҳ ба раҳ манзил ба манзил хайрхоҳи халқ буд,
Қиссаи мардонагӣ бар мутрибу соқӣ гузошт.

Нолаи тору рубобаш сабт дар дил гаштааст,
Чун сурудаш бишнавам як лаҳза гирён мешавам.
Мехӯрам хунобаи дил, нола дорам дар ғамаш,
Дар ҷигар аз оташи ғам товабирён мешавам.

Даври тифлиҳо, чӣ ширин буд ҳамроҳи падар,
Ваҳ чӣ мушкил роҳ дорам чун ятими бепадар,
Раҳ ба раҳ андар хаёлам бо падар гӯям сухан,
Ҷустуҷӯяш мекунам аз пайраҳи деҳ ҳар саҳар.

Шаҳсутуни хонадонам буд он марди накӯ.
Шаҳсутун афтоду дигар кай бубардорам зи ҷо
Ҷои ӯ холӣ бишуд дар хонадонам, эй дареғ.
Во дареғо, во дареғ то, сад дареғи ғамсаро.

пешина
аз 39
навбатӣ