Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАМЕША ДАР САНО БУДИЮ РАФТӢ
(Ба хотири неки устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев)

Ту марди бо сахо будию рафтӣ,
Ба моён ту раҳнамо будию рафтӣ.

Ҳамеша номи ту вирди забон аст,
Ту нури дидаҳо будию рафтӣ.

Ту будӣ роздони дарди мардум,
Ту ганҷи бебаҳо будию рафтӣ.

Зи килкат ҳарфи хуш дар сафҳа монда,
Ту зеби сафҳаҳо будию рафтӣ.

Ба ҳар ҷое ту будӣ зеби маҳфил,
Ту зеби ҷамъи мо будию рафтӣ.

Зи марги ту ҳама дилхаста гаштем,
Ту бо мо ҳамсадо будию рафтӣ.

Ба ҳар маҳфил сухан бо меҳр гуфтӣ,
Ҳамеша дар сано будию рафтӣ.

Шарифи аз ғами ту нола дорад,
Ту шамъи базми мо будю рафтӣ.

ДОҒНОМА
(Эҳдо ба Чоршанбе Одинаев)

Рафтаӣ аз ҳотаи гулҳо бурун,
Аз қатори ҷумла гулҳои ҷаҳон.
Рафтаӣ, аммо намеоӣ дигар,
Зери хоки тирае гаштӣ ниҳон.

Ҷӯям аз гулҳои кӯҳистон туро,
Дар канори боғу бустон ҳар замон.
Сабзаи бишкуфта бинам дар чаман,
Ҷустуҷӯят мекунам дар бӯстон.

Рӯ ба хоки тира бинҳодӣ, дареғ,
Дар фироқат нола дорам рӯзу шаб.
Рафтию рози туам дар сина монд,
Ҳарфи ширини ту яхбаста ба лаб.

На, надорам тоқати доғи туро,
Ҳар замон бо ёди ту сӯзад дилам.
Эй падар , эй роздони дарди ман,
Бе ту акнун сард бошад манзилам.

пешина
аз 39
навбатӣ